Бо даъвати Федератсияи футболи Тоҷикистон бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Беларусро ҳайати доварон аз Ӯзбекистон ҳакамӣ мекунад.
Довари ФИФА Рустам Лутфуллин довари марказӣ хоҳад буд. Дар майдон ба ӯ ҳамватанонаш – ёварони довари ФИФА Санҷар Шоюсупов ва Акмал Ғиёсов кӯмак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба дӯши довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло аз Тоҷикистон вогузор шудааст.
Бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Беларус 20 март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 16:00 оғоз мешавад. Нархи чипта 20 сомонӣ мебошад.