Дар меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар конференсия раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, роҳбарони шаҳру навоҳии вилояти Суғд, намояндагони Федератсияи футболи вилоят, директорони мактабҳои варзишӣ, роҳбарони дастаҳои футболи шаҳру навоҳии вилоят ва дигарон ширкат варзиданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дигарбора раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд интихоб шуд. Илҳомҷон Аҳмадов муовини якуми раиси Федератсияи футболи Суғд ва Рустам Марофиев муовини раис интихоб гардиданд.
Илова бар ин, дар ҳамоиш ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи вилояти Суғдро интихоб карданд, ки ба ҳайати он 9 нафар шомил гардид.
Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов зимни суханронии худ роҳбарияти Федератсияи футболи вилояти Суғд ва ҳайати нави Кумитаи иҷроияро табрик гуфта, ба онҳо дар амалӣ намудани нақшаҳои худ дар самти рушди футболи вилоят комёбиҳо таманно намуд.