Тоҷикистон дар баробари Ӯзбекистон ва Қирғизистон барои қабули мизбонии Ҷоми Осиё-2031 талош хоҳад кард.
Федератсияҳои футболи се кишвари Осиёи Марказӣ ба қароре омаданд, ки барои мизбонии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дархости муштарак ирсол кунанд. Ҷоми Осиё ҳеҷ гоҳ дар Осиёи Марказӣ баргузор нашудааст.
Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустам Эмомалӣ ҳанӯз дар Конгресси CAFA дар соли 2023 хоҳиши пешниҳоди дархости муштарак барои баргузории Ҷоми Осиёро изҳор намуда буд.
«Минтақаи Осиёи Марказии мо дар таърихи худ ҳеҷ гоҳ қисми ниҳоии Ҷоми Осиёро мизбонӣ накардааст. Ман фикр мекунам, ки фурсат фаро расидааст. Минтақаи моро дастаҳои хеле пурқувват намояндагӣ мекунанд ва бовар дорам, ки ҳамроҳ бо кишварҳои бародари худ қисми ниҳоии Ҷоми Осиёро дар сатҳи баланд баргузор хоҳем кард», – зикр карда буд президенти CAFA Рустам Эмомалӣ.
Раиси Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа дар суханронии худ дар Конгресси CAFA дар Душанбе дар соли 2023 аз ташаббуси Рустам Эмомалӣ дар мавриди пешниҳоди дархости муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ барои баргузории қисми ниҳоии Ҷоми Осиё пуштибонӣ кард ва гуфт, ки ин минтақа сазовори баргузории мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни тимҳои миллӣ аст.