Зуҳал Хуҷаназарова бори нахуст дар бозии Лигаи қаҳрамонҳои элитаи Осиё-2024/2025 кор мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Зуҳал Хуҷаназарова бори нахуст дар бозии Лигаи қаҳрамонҳои элитаи Осиё-2024/2025 кор мекунад

Зухал Хуҷаназарова, корманди раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон нахустин бор дар бозии Лигаи қаҳрамонҳои элитаи Осиё-2024/25 кор мекунад.

Зуҳал Хуҷаназарова нозири VAR дар бозии ҷавобии даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои КФО дар мавсими 2024/25 байни дастаҳои «Ал Садд» (Қатар) ва «Ал Васл» (АМА), ки 10 март дар Давҳа баргузор мешавад, таъйин шуд. Ин вохӯриро ҳайати доварон аз Австралия таҳти роҳбарии Алиризо Фағонӣ ҳакамӣ мекунанд.

Назари худро бинависед