Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футболро бошукӯҳу шаҳомат таҷлил мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футболро бошукӯҳу шаҳомат таҷлил мекунад

Соли дуюм пайиҳам дар Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии футбол ба таври мутантан таҷлил мегардад.

Имрӯз дар маҷмааи «Кохи Парфенон»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо лигаҳои футбол, федератсияҳои минтақавии тобеи ФФТ, инчунин бошгоҳҳои лигаҳои олӣ ва якуми Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, Сайвалӣ Дониёрзода, Искандар Ҷалилов ва котиби генералии ФФТ Фурқат Ахмедҷонов ширкат доштанд. Дар вохӯрӣ чорабиниҳое, ки ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии футбол ба нақша гирифта шудаанд, эълон гардиданд.

Имсол Рӯзи ҷаҳонии футбол давоми як ҳафта – аз 19 то 25 май таҷлил мешавад. Дар ин рӯзҳо дар тамоми манотиқи Тоҷикистон чорабиниҳои идонаи футбол баргузор мешаванд. Ҷашнвораи асосии футбол рӯзи 25 май дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ширкати беш аз 500 кӯдак доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки 7-уми майи соли гузашта Ассамблеяи генералии СММ бо қабули қатънома 25-уми майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард. Ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ пешниҳод шудааст.

Назари худро бинависед