Қисмати ниҳоии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2025 аз 10 то 22 феврал дар Душанбе баргузор мешавад. Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми ФФТ-2025 ҳашт даста ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Бар асоси натоиҷи марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ ду дастаӣ ба даври баъдӣ роҳ меёбанд. Бозиҳо дар майдонҳои асосӣ ва эҳтиётии Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегарданд.
Қобили зикр аст, ки барандаи Ҷоми Федератсия бар иловаи ҷом 50 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дарёфт хоҳад кард. Ғолиби медали нуқра бо 30 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ бо 20 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегарданд.