Федератсияи футболи Тоҷикистон ва шабакаи нуқтаи фурӯши сӯзишвории «ОРИЁ» муҳлати созишномаи ҳамкории дуҷонибаи худро тамдид карданд.
Маросими расмии имзои қарордоди нав дар дафтари ширкати «ОРИЁ» баргузор шуд. Аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон қарордодро ноиби президент Искандар Ҷалилов ва аз ҷониби шарикон директори генералии ширкати НФС «ОРИЁ» Абдузоир Исмоилов имзо карданд.
Пас аз имзои созишнома ноиби президенти ФФТ Искандар Ҷалилов ба шабакаи нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Ориё» барои ҳамкориҳои дуҷониба изҳори сипос намуд.
Директори генералии ширкати НФС «ОРИЁ» Абдузоир Исмоилов дар навбати худ қайд кард, ки ширкати онҳо бо Федератсияи футболи Тоҷикистон панҷ сол боз ҳамкории пурсамар дорад ва имсол ҷонибҳо чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла ҳамоишҳоро бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки 25 май таҷлил мешавад, бештар баргузор мекунанд.