Дар Душанбе курсҳои мураббигӣ барои довталабони сертификати «С» ба анҷом расиданд. Барнома аз ду марҳила иборат буд.
Дастурдиҳандаи асосии курсҳои мураббигӣ сармураббии бошгоҳи футболи «Барқчӣ» ва мураббии тими миллии Тоҷикистон Алифбек Беромов буда, ба ӯ Салоҳиддин Ғафуров ва Алишер Тӯйчиев ёрӣ расонданд.
19 нафар довталаб – Аҳтам Назаров, Фатҳулло Фатҳуллоев, Қурбоналӣ Бобоев, Элчибек Рашибдеков, Карина Мирзоева, Некубахт Худододова, Мадина Ялиева, Нисо Абдуллоева, Шамсия Хусейнова, Умедҷон Давлатов, Давлатшо Ҷорӯбов, Шералӣ Тағоев, Сунатуллои Эмомалӣ, Ҷалил Қурбонмамадов, Маҳмадсаид Бобомуродов, Давлатбек Ҷӯрабеков, Алихон Алихонов, Фаромуз Мусамирзода ва Ризо Толисербанд барои дарёфти иҷозатномаи мураббигӣ аз рӯи барномаи «С» ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.
Барномаи курсҳо аз дарсҳои назариявӣ ва амалӣ иборат буд. Пас аз хатми курсҳо, донишҷӯён аз рӯйи барномаи таълимии анҷомшуда имтиҳон супориданд.