Доварони ФИФА аз Тоҷикистон Гулмуроди Саъдулло, Насрулло Кабиров ва Сайёдҷон Зайниддинов дар семинари доварони элитаи минтақаи ғарбии КФО, ки дар Арабистони Саудӣ доир гашт, ширкат карданд.
Пас аз танаффуси шашсола Конфедератсияи футболи Осиё баргузории семинарҳоро барои доварони элита боз ба роҳ монд. Мақсад аз роҳандозии семинар омода кардани доварон ба мавсими нави футбол мебошад. Дар доираи барномаи омӯзишӣ доварон ҳам дарсҳои назариявӣ ва ҳам амалӣ гузаштанд.
Доварон дар бораи тағйироти охирин ба қонунҳои бозӣ маълумот гирифтанд ва сипас мушкилоти дар майдон рӯйдодаро баррасӣ карданд. Дар семинар муколамаҳо доир ба якчанд мавзӯъҳои калидӣ, аз қабили ҳолатҳо дар ҷаримагоҳи майдон, ҳолатҳои расиши тӯб ба даст ва фолҳои тактикӣ сурат гирифтанд.
Дар натиҷа доварони Тоҷикистон фитнес-тестҳоро бомуваффақият супориданд.