Ҷоми Осиё-2023: имрӯз тими миллии Тоҷикистон бо дастаи Лубнон вомехӯрад – Федерация Футбола Таджикистана

Ҷоми Осиё-2023: имрӯз тими миллии Тоҷикистон бо дастаи Лубнон вомехӯрад

Имрӯз, 22 январ дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт бозии сеюми худро дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 анҷом медиҳад. Ҳарифи дастаи мо яккачини Лубнон мебошад.

Ин дидор дар варзишгоҳи Ҷосим бин Ҳамади Доҳа баргузор шуда, соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (20:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад. Бозиро аз шабакаи телевизионии «Варзиш» мустақиман тамошо карда метавонед.

Назари худро бинависед