Имрӯз, 24 октябр дар шаҳри Теҳрон бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар чаҳоргонаи «Е» миёни бошгоҳҳои «Персеполис» (Эрон) ва «Истиқлол» (Тоҷикистон) баргузор мешавад.
Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Озодӣ» баргузор шуда, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (21:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад. Пахши мустақими бозиро шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол» ба роҳ мемонанд.
Ба қаҳрамони мо дар бозии имрӯза пирӯзӣ таманно дорем!
Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24
♦️ Минтақаи ғарбӣ
️ Гурӯҳи «E». Даври 3
24 октябр (сешанбе)
️ Оғоз соати 21:00 ба вақти Душанбе
«Персеполис» (Эрон) –
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
Теҳрон, Эрон, Варзишгоҳи Озодӣ