Имрӯз, 2 октябр дар шаҳри Риёз бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 дар чаҳоргонаи «Е» миёни бошгоҳҳои «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) ва «Истиқлол» (Тоҷикистон) баргузор мешавад.
Ин дидор дар варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк» баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) оғоз мегардад. Пахши мустақими вохӯриро аз шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол» тамошо карда метавонед.
Ба «Истиқлол» дар бозии имрӯза муваффақият таманно дорем!
Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2023/24
♦️ Минтақаи ғарбӣ
Гурӯҳи «Е». Даври 2
2 октябр (душанбе)
️ Оғоз соати 23:00 ба вақти Душанбе
«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) –
«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)
Риёз, Арабистони Саудӣ, Варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк»