Натиҷаи ҷаласаи Кумитаи назоратӣ-интизомии ФФТ – Федерация Футбола Таджикистана

Натиҷаи ҷаласаи Кумитаи назоратӣ-интизомии ФФТ

Имрӯз, 16-уми август дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи Кумитаи назоратӣ-интизомӣ баргузор гардид, ки дар он қонуншиканиҳои дар ҷараёни бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон рӯйдода баррасӣ шуданд.

– Дар асоси моддаи 5, банди 31-и Кодекси интизомии ФФТ собиқ сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) Раҳматулло Фузайлов бинобар ширкат накардан дар ҷаласаи шӯрои кумитаи техникии ФФТ ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои вайрон кардани талаботи моддаи 5, банди 12-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Хуҷанд» – «Эсхата» (9 август), дастаи «Хуҷанд» бинобар таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 6 банди 2-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Хуҷанд» – «Эсхата» (9 август), мураббии дастаи «Эсхата» Шуҳрат Умаров бинобар таҳқири ҳайати доварон аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима карда шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 24-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Хуҷанд» – «Эсхата» (9 август), бозигари тими «Эсхата» Ойбек Абдуғаффоров бинобар қасдан задани ҳариф аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 25-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Хуҷанд» – «Эсхата» (9 август), бозигари тими «Хуҷанд» Парвиз Боқиев бинобар вайронкунии ҷиддии қоидаҳои бозӣ (барои задани рақиб бо оринҷ) аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 5 банди 4(а)-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Ҳосилот» – «Куктош» (12 август), тими «Куктош» бинобар дер ҳозир шудан ба вохӯрӣ ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима карда шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 6 банди 10-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 миёни бошгоҳҳои лигаи олӣ «Истаравшан» – «Моҳир» (11 август), тими «Истаравшан» бинобар таъмин накардани талабот ва шарту шароит дар иншооти варзишӣ ва набудани овезаҳои таблиғотӣ ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 6, банди 10-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 миёни дастаҳои лигаи якум «Шодмон» – «Барқчӣ» (10 август), тими «Шодмон» бинобар таъмин накардани шарту талабот дар иншооти варзишӣ ва набудани овезаҳои таблиғотӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ ҷарима баста шуд.

– Барои нақзи моддаи 7 банди 19-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ «Ҳосилот» – «Куктош» (11 август), бозигари тими «Куктош» Авзалшо Шокиров бинобар таҳқири шахсони расмии вохӯрӣ аз 2 бозӣ маҳрум карда шуд.

Назари худро бинависед