«Соро компания» – «Истиқлол»: Суперҷоми Тоҷикистон-2023 аз они кадом даста мешавад? – Федерация Футбола Таджикистана

«Соро компания» – «Истиқлол»: Суперҷоми Тоҷикистон-2023 аз они кадом даста мешавад?

Дар арафаи бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023 оид ба футзал байни бошгоҳҳои «Соро компания» ва «Истиқлол» дар меҳмонхонаи «Румӣ» нишасти хабарӣ баргузор гардид, ки дар он сармураббиёни дастаҳо Пайрав Воҳидов ва Александр Дзабирадзе интизориҳои худро бобати вохӯрии дарпешистода иброз намуданд.

 

Александр Дзабирадзе, сармураббии «Истиқлол»: 

– Аввалан, тамоми мухлисони футзали Тоҷикистонро бо оғози мавсими нав табрик мегӯям. Дастаи мо барои аввалин бор дар Суперҷоми Тоҷикистон ширкат мекунад. Барои коллективи ҷавони мо, ки ҳамагӣ ду сол пеш ташкил шудааст, ин воқеаи муҳим аст. «Соро компания» рақиби ҷиддӣ аст. Мо ҳам ба бозии Суперҷом ва ҳам ба оғози мавсим омодагӣ дидем. Ба рақобат танҳо бо як ҳадаф меравем, ин ки натиҷаи мусбат ба даст орем. Ҳам бозигарони таҷрибадор ва ҳам ҷавон дорем. То аввали мавсим танҳо як легионер дорем – як бозигари тими миллии Туркманистонро даъват кардем.

 

– Дар бораи рақиб чӣ гуфта метавонед? 

– Метавон гуфт, ки «Соро компания» флагмани футзали бошгоҳҳои Тоҷикистон аст. Аз ҳайати хуб иборат аст. Онҳо мураббии қавӣ доранд, бозигарон низ муддати тӯлонӣ якҷоя бозӣ мекунанд. Бозигарони ботаҷрибае, ки рангҳои тими миллиро ҳимоя мекунанд ва легионерҳои хуб аз Эрон низ ҳастанд. Баъди аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон рафтанам, бозиҳои мунтахаби кишвар ва бозиҳои чемпионатро тамошо мекардам. Аз ин рӯ аз нерӯи «Соро компания» огоҳам.

 

– «Истиқлол» ба мавсим чӣ гуна омодагӣ дид? Ва имсол дар назди даста чӣ мақсад гузошта шудааст? 

– Ман тақрибан як моҳ пеш дастаро ба уҳда гирифтам. Роҳбарияти «Истиқлол» шароити хуб фароҳам овардааст. Мо дар Гулистон ҷамъомади таълимӣ баргузор кардем. Бо «Пахтакор»-и Тошканд як бозии санҷишӣ гузарондем, ки дар он ғалаба кардем. Дар бобати мақсад бошад, мо аз бозӣ ба бозӣ тайёрӣ мебинем. Вазифаамон дар ҳар як рақобат ғолиб шудан аст. Пеш аз ҳама дар бораи Суперҷом фикр карда истодаем.

Аз фурсат истифода бурда, тамоми мухлисони футзали Тоҷикистонро даъват менамоям, ки пагоҳ ба маҷмааи варзишӣ омада, дастаҳои худро дастгирӣ кунанд. Умедворам, ки бозӣ хеле ҷолиб хоҳад буд.

 

Фирӯз Бекмуродов, дарвозабони «Истиқлол»: 

– Мо ба бозӣ бо «Соро компания» хеле хуб омодагӣ дидем. Тарафҳои қавӣ ва заифи рақибро медонем. Дар Гулистон ҷамъомади таълимиро пурсамар гузаронда, ба оғози мавсим тайёрем. Дар ин мавсим ба дастаи мо бозигарони нав ва ботаҷриба ҳамроҳ шуданд. Бо омадани сармураббии нав тактика низ тағйир ёфт. Умедворем, ки фардо бозии хуб нишон дода, ба натиҷае ноил мешавем.

 

Пайрав Воҳидов, сармураббии «Соро компания»: 

– Мо омодагиро ба мавсими соли 2023 дер оғоз кардем, ҳамагӣ ду ҳафта пеш. Суперҷом аз як бозӣ иборат аст. Ва дастае, ки хуб тайёр аст, ғалаба мекунад.

 

– «Соро компания» дар соли ҷорӣ чӣ мақсад дорад? 

– Унвонҳои соли гузаштаро ҳимоя кардан. Ин осон нахоҳад буд. Вале мо кӯшиш мекунем. Инчунин, бомуваффақият баромад кардан дар чемпионати Осиё оид ба футзал миёни бошгоҳҳо, ки моҳи август дар назар аст, яке аз вазифаҳои мост. Ҳоло дар ҳайати худ се легионер аз Эрон дорем, ки танҳо ду нафари онҳоро дар чемпионати Осиё истифода бурда метавонем. Бозиҳои Суперлига нишон хоҳанд дод, ки мо киҳоро ба чемпионати Осиё мебарем.

 

– Дар ин мавсим чӣ дигаргуниҳо ба амал омаданд? Кӣ рафт, кӣ омад? 

– Мушкилии кадрӣ надорем. Ҳама бачаҳо, ки аввали сол дар Русия, Беларус ва Қазоқистон барои дастгирии формаи худ ҳунарнамоӣ мекарданд, ба «Соро» баргаштанд. Инчунин як легионери навро аз Эрон ба ҳайат ҷалб кардем. Дарвозабони тими миллии Тоҷикистон Фирӯз Бозмамадов, ки дар Лаҳистон бозӣ мекард, ба тими мо баргашт.

 

– Сабаб чист, ки «Соро компания» тайёриро ба мавсим дер оғоз кард? 

– Тавре маълум аст, мавсими футзал дар Тоҷикистон аз моҳи май оғоз мешавад. Ва барои нигоҳ доштани ҳолати ҷисмонии худ қариб ҳамаи бозигарони асосии мо ба кишварҳои дигар рафтанд. Акнун онҳо баргаштанд. Аз сабаби нарасидани бозигарон, набудани рақибон барои бозиҳои дӯстона, инчунин моҳи Рамазон омодагиро ба мавсим дер оғоз кардем.

 

– Чанд сухан дар бораи дастаи «Истиқлол»? 

– Бо «Истиқлол» соли гузашта дар Суперлига ду маротиба мусовӣ карда будем. Дар силсилаи ниҳоӣ бо ҳам вохӯрдем. Аз ин рӯ, ман метавонам дар бораи тими «Истиқлол» танҳо суханони хуш бигӯям. Гузашта аз ин, роҳбарии бошгоҳро мутахассиси гурҷӣ бар уҳда дорад, ки ба мухлисони тоҷик ошно аст. Ман мехоҳам ҳамаи мухлисонро ба бозӣ даъват намоям. Ҳамаи муваффақиятҳои гузаштаи мо хизмати бузурги мухлисон аст. Ман онҳоро даъват мекунам, ки биёянд ва дастгирӣ кунанд. Бигзор қавитарин ғолиб!

 

Некрӯз Алимаҳмадов, бозигари «Соро компания»: 

– Мо ба бозӣ бо «Истиқлол» хуб омодагӣ дидем. Моро бозии ҷолиб интизор аст.

Назари худро бинависед