Имрӯз, 10 май дар шаҳри Душанбе марҳилаи якуми курсҳои мураббигӣ аз рӯи барномаи литсензияи «А» оғоз гардид.
Инструктори курсҳо дастурдиҳандаи Конфедератсияи футболи Осиё Боир Игамбердиев мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи курсҳои мураббигӣ директори техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон Салоҳиддин Ғафуров ширкат карда, ба ҳамаи довталабон фаъолияти пурсамар таманно намуд.
Курсҳои мураббигӣ аз рӯйи барномаи литсензияи «А» аз чаҳор марҳила иборат буда, дар байн танаффуси якмоҳа барои кори амалӣ дар дастаҳо дода мешавад. Марҳилаи аввал аз 10 то 16 май дар Душанбе идома мекунад.
Барои дарёфти иҷозатномаи мураббигии «А» Дилшод Восиев, Анвар Норқулов, Фаррух Бердиев, Иззатулло Исҳоков, Нуъмонҷон Ҳакимов, Баҳриддин Сангинов, Абдулло Соқиев, Фаридун Азимов, Шарафҷон Дадоматов, Толибҷон Темуров, Музаффарҷон Дурвешов, Меҳвар Сулаймонов, Абдулбек Абдулбеков, Сураҷ Каримов, Собирҷон Умаров, Умед Шарифзода, Ҷафар Ахмедов, Чарлз Наркотей ва Ҳурбибӣ Варданян довталаб ба ҳисоб мераванд.