Натиҷаи ҷаласаи кумитаи назоратӣ-интизомии ФФТ – Федерация Футбола Таджикистана

Натиҷаи ҷаласаи кумитаи назоратӣ-интизомии ФФТ

Дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи кумитаи назоратӣ-интизомӣ баргузор шуд, ки дар он қонуншиканиҳои дар ҷараёни бозиҳои таҳти сарпарастии Лигаи футболи Тоҷикистон рӯйдода мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

– Барои риоя накардани талаботи моддаи 7 банди 28.1.8-и Кодекси интизомии ФФТ бозигари дастаи «Ҳосилот» Наврӯз Рустамов барои расонидани фишори ҷисмонӣ ба рақиб дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Ҳосилот» – «Файзканд» (2 апрел), аз ҳаққи ширкат дар 4 бозӣ маҳрум ва дар ҳаҷми 1000 сомонӣ ҷарима баста шуд. 

– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 28.1.8-и Кодекси интизомии ФФТ бозигари тими «Файзканд» Муҳсинҷон Абдуғаффоров барои расонидани фишори ҷисмонӣ ба ҳариф дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Ҳосилот» – «Файзканд» (2 апрел), аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум ва 1000 сомонӣ ҷарима карда шуд. 

– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 28.1.8-и Кодекси интизомии ФФТ бозигари дастаи «Ҳосилот» Далер Чолов дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Ҳосилот» – «Файзканд» (2 апрел), барои расонидани фишори ҷисмонӣ ба ҳариф аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум ва 1000 сомонӣ ҷарима карда шуд. 

– Барои риоя накардани талаботи моддаи 7 банди 3-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Истиқлол» – «Файзканд» (7 апрел), бозигари тими «Истиқлол» Седрик Гогуа барои гирифтани ду корти зард аз ҳаққи ширкат дар як бозӣ маҳрум ва 300 сомонӣ ҷарима баста шуд. 

– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 16-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Файзканд» – «Куктош» (11 апрел), бозигари дастаи «Куктош» Сулаймон Собиров барои маҳрум кардани ҳариф аз имкони голзанӣ ва гирифтани корти сурх аз як бозӣ маҳрум ва 250 сомонӣ ҷарима баста шуд. 

– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 25-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Равшан» – «Хатлон» (12 апрел), бозигари тими «Равшан» Абдулфаттоҳ Худойдодзода барои дағалона вайрон кардани қоидаи бозӣ аз ҳаққи ширкат дар 3 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима баста шуд. 

– Барои вайрон кардани моддаи 5, банди 12-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои лигаи олӣ «Равшан» – «Хатлон» (12 апрел), тими «Равшан» барои таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ 1000 сомонӣ ҷарима шуд. 

– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 24-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ «Равшан» – «Хатлон» (11 апрел), бозигари тими «Равшан» Абубакр Мираҳмадов барои задани рақиб аз 3 бозӣ маҳрум шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 7, банди 17-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ «Равшан» – «Хатлон» (11 апрел), бозигари тими «Хатлон» Аминҷон Баротов барои имову ишораҳои таҳқиромез нисбати мухлисон аз ҳаққи ширкат дар 2 бозӣ маҳрум карда шуд. 

– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 24-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ «Файзканд» – «Куктош» (10 апрел), бозигари дастаи «Куктош» Юсуф Файзиев барои задани рақиб аз 3 бозӣ маҳрум шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 24-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ «Файзканд» – «Куктош» (10 апрел), бозигари тими «Файзканд» Меҳроҷиддин Абдураҳимов барои задани рақиб аз 3 бозӣ маҳрум шуд.

– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 25-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои ҷавонони лигаи олӣ «Эсхата» – КМВА (1 апрел), бозигари тими КМВА Шероз Шарифов барои дағалона вайрон кардани қоидаи бозӣ аз 3 бозӣ маҳрум шуд.

Назари худро бинависед