Мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 10 ноябр омодагиро ба бозии дӯстона бо тими миллии Русия оғоз мекунад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 10 ноябр омодагиро ба бозии дӯстона бо тими миллии Русия оғоз мекунад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт рӯзи 10 ноябр дар Душанбе ҷамъ омада, омодагиро ба бозии дӯстона бо тими миллии Русия оғоз мекунад. 

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии навбатии дӯстона рӯзи 9 ноябр пас аз анҷоми рақобатҳои даври 21-уми лигаи олӣ дар гурӯҳи «А» маълум мешавад. Сармураббии тими миллии кишвар Петр Сегрт тасмим гирифтааст, ки барои бозӣ бо мунтахаби Русия 28 бозигарро даъват кунад. 

Ёдовар мешавем, км 17 ноябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии дӯстонаи дастаҳои Тоҷикистону Русия баргузор мегардад. Вохӯрӣ соати 20:00 оғоз мешавад ва тариқи шабакаҳои телевизионии «Варзиш» ва «Футбол»-и Тоҷикистон, инчунин шабакаи «Матч ТВ»-и Русия ба таври мустақим намоиш дода мешавад.

 

🤝 Бозии дӯстона

📆 17 ноябр (панҷшанбе)

⏰ Оғоз соати 20:00

🇹🇯 ТОҶИКИСТОН – 🇷🇺 Русия

Довари марказӣ: Илгиз Танташев (Ӯзбекистон).

Ёварон: Тимур Гайнуллин, Андрей Сапенко (ҳарду аз Ӯзбекистон).

🏟 Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Назари худро бинависед