Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки барандаи 48-умин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» дар Тайланд гардид, субҳи имрӯз ба Душанбе баргашт.
Дар Тайланд як гурӯҳи бозигарони мунтахаб ба дастаҳои худ баргаштанд. Петр Сегрт ва ёварони ӯ то ҷамъомади навбатии таълимӣ ба хона рафтанд. Ба ин муносибат футболбозони бошгоҳҳои маҳаллӣ ба Душанбе омаданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистонро роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони васоити ахбори омма ва мухлисон самимона истиқбол гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи «King’s Cup 2022» ду бозӣ анҷом дод. Шогирдони Петр Сегрт дар бозии даври ниманиҳоӣ бар тими Тринидад ва Тобаго (2:1) ва дар бозии ниҳоӣ аз рӯи силсилаи пеналтӣ бар тими миллии Малайзия (3:0) пирӯз шуданд.