Фардо, 14-уми сентябр дар шаҳри Душанбе мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола дар гурӯҳи «I» оғоз мешавад. Дастаҳои ҷавонони Тоҷикистон, Камбоҷа, Лубнон ва Сингапур барои роҳхатҳои қисми ниҳоии Ҷоми Осиё мубориза мебаранд.
Дар остонаи оғози марҳилаи интихобӣ имрӯз, 13-уми сентябр дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи машваратӣ доир гардид, ки дар он масъалаҳои ташкилӣ ва нуктаҳои низомнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, ранги либосҳои дастаҳои иштирокчӣ тасдиқ карда шуданд.
Пагоҳ, 14-уми сентябр тими ҷавонони мо бозии якуми худро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (U-20) дар гурӯҳи «I» бо дастаи Сингапур барпо менамояд. Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда, соати 20:00 оғоз мегардад. Даромад ба варзишгоҳ ройгон аст.
Қобили зикр аст, ки ғолибони даҳ гурӯҳи интихобӣ ва панҷ дастаи беҳтарин, ки ҷойҳои дуюмро мегирад, ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 (U-20), ки аз 1-уми март то 18-уми марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола
Гурӯҳи «I»
Иштирокчиён:
ТОҶИКИСТОН,
Камбоҷа,
Лубнон,
Сингапур.
️ Даври 1
14 сентябр (чоршанбе)
17:00 –
Камбоҷа –
Лубнон
20:00 –
ТОҶИКИСТОН –
Сингапур
️ Даври 2
16 сентябр (ҷумъа)
17:00 –
Сингапур –
Камбоҷа
20:00 –
Лубнон –
ТОҶИКИСТОН
️ Даври 3
18 сентябр (якшанбе)
17:00 –
Лубнон –
Сингапур
20:00 –
ТОҶИКИСТОН –
Камбоҷа
Эзоҳ: Ҳама бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.