Имрӯз, 23 август дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти раёсати Тоҳир Нурзода ҷаласаи Кумитаи назоратӣ-интизомӣ баргузор гардид, ки дар он қонуншиканиҳо дар ҷараёни бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон ва Лигаи футзали кишвар баррасӣ шуданд.
– Барои вайрон кардани талаботи моддаи 6 банди 1-и Кодекси интизомии ФФТ ҳангоми бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Истиқлол» – «Хатлон» (21 август), сармураббии тими «Хатлон» Аслиддин Ҳабибуллоев барои рафтори ғайриахлоқӣ, нодуруст ва ғайриварзишӣ аз 2 бозӣ маҳрум карда шуд.
– Барои риоя накардани талаботи моддаи 5, банди 6-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Истиқлол» – «Хатлон» (21 август), тими «Хатлон» барои худсарона аз майдон берун шудан дар ҳаҷми 1000 сомонӣ ҷарима баста шуд.
– Барои вайрон кардани талаботи моддаи 5, бандҳои 12 ва 13-и Кодекси интизомии ФФТ, дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ «Равшан» (Кӯлоб) – «Хуҷанд» (21 август), дастаи «Равшан» (Кӯлоб) барои таъмин накардани тартиботи ҷамъиятӣ дар варзишгоҳ ва риоя накардани талаботи низомномаи мусобиқа, ба маблағи 1000 сомонӣ ҷарима баста шуд.
– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 19-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум «Моҳир» – «Сарҳадчӣ» (19 август), бозигари тими «Моҳир» Наимҷон Почохонов барои гуфтани суханони қабеҳ нисбати масъулини вохӯрӣ аз 3 бозӣ маҳрум ва 250 сомонӣ ҷарима баста шуд.
– Барои вайрон кардани талаботи моддаи 7 банди 25-и Кодекси интизомии ФФТ дар бозии чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум «Динамо» – «Панҷшер» (19 август), бозигари тими «Панҷшер» Зайниддин Янгибеков барои вайронкунии ҷиддии қоидаҳои бозӣ аз 3 вохӯрӣ маҳрум ва ба маблағи 250 сомонӣ ҷарима карда шуд.
– Барои вайрон кардани талаботи моддаи 7 банди 22-и Кодекси интизомии Лигаи футзали Тоҷикистон дар бозии Суперлигаи Тоҷикистон-2022 «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (20 август), бозигари тими «Истиқлол» Алӣ Иброҳимӣ бо сабаби вайронкунии ҷиддии қоидаҳои бозӣ аз ҳаққи ширкат дар 2 вохӯрӣ маҳрум ва 300 сомонӣ ҷарима баста шуд.
– Барои вайрон кардани моддаи 7 банди 22-и Кодекси интизомии Лигаи футзали Тоҷикистон дар бозии Суперлигаи Тоҷикистон-2022 «Истаравшан» – «Самандар» (14 август), бозигари тими «Истаравшан» Баҳодур Хоҷаев барои вайронкунии ҷиддии қоидаҳои бозӣ аз ҳаққи ширкат дар 2 вохӯрӣ маҳрум ва 300 сомонӣ ҷарима карда шуд.