Дар меҳмонхонаи «Ширкент»-и шаҳри Турсунзода курсҳои омӯзишӣ барои доварони футзали Тоҷикистон доир шуда истодааст.
Дар байни иштирокчиён 19 довар – Беҳрӯз Муртазоев, Эркин Мадибоев, Сафаралӣ Маҳмадизода, Комрон Хайруллозода, Сиёвуш Назаров, Аъзам Бӯриев, Манучеҳр Замонов, Рашид Саидтабаров, Абӯбакр Маҳмадов, Иброҳим Қосимов, Шодмон Ғаффоров, Шодмон Ғаффоров (ҳама аз Душанбе), Суҳроб Сатторов (Турсунзода), Наврӯзҷони Сулаймон, Сафар Солиев (ҳарду аз Варзоб), Шавкат Насруллоев, Насим Мансуров ва Назир Баротов (ҳама аз Хуҷанд) дар курсҳо ширкат меварзанд.
Ҳадаф аз баргузории машғулиятҳо ин омода кардани доварон ба мавсими нави бозиҳои Лигаи касбии футзали Тоҷикистон, ки моҳи май шуруъ мешаванд, ба ҳисоб меравад.
Илова бар ин, ҳамаи иштирокчиён бояд аз санҷиши омодагии ҷисмонӣ гузаранд. Он довароне, ки аз санҷиш бомуваффақият мегузаранд, барои ҳакамии бозиҳои Лигаи касбии футзали Тоҷикистон роҳ дода мешаванд.
Инчунин дар курсҳо панҷ нафар нозири доварон – Олим Норбоев, Дилшод Абдуллоев, Икром Мамадалиев, Холмурод Зардов ва Каюмарс Сулаймонов иштирок мекунанд.