Рӯзи 6-уми март, дар Душанбе дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бозии дӯстона миёни ситораҳои футбол ва футзал дар чаҳорчӯби иқдоми Созмони Милали Муттаҳид – “Бартараф кардани хушунат алайҳи занону духтарон” баргузор шуд.
Дар ҳайати дастаи футболбозон Алишер Туйчиев, Хуршед Маҳмудов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Аҳтам Назаров, Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров, Ислом Зоиров, Шервони Мабатшоев ва Сайёди Ковусшо баромад карданд.
Ҳайати дастаи ситорагони футзалро Миралӣ Шарипов, Шерзод Ҷумаев, Мансур Эргашев, Алишер Улмасов, Меҳрубон Тиллоев, Умед Кузиев, Файзалӣ Сардоров, Муродулло Алиқулов, Муҳаммад Шарипов ва Шавкат Ҳалимов намояндагӣ карданд.
Бозӣӣ дӯстона дар фазои гарму муҳаббатбори бародарӣ сурат гирифта, бо ҳисоби 6:4 ба фоидаи футзалбозон анҷом ёфт. Дар ҳайати «Ситораҳои футбол» Фатҳулло Фатҳуллоев ба задани 3 гол муваффақ шуда, хет-трик кард. Як голи дигарро Ислом Зоиров зад. Дар ҳайати «Ситораҳои футзал» бошад Умед Кузиев чор гол зада, он гунае ки дар футбол мегӯянд – “покер” кард. Ду голи дигари футзалбозонро Муҳаммад Шарипов зад.
Пас аз анҷоми вохӯрии дӯстона мухлисони сершумор имкон пайдо карданд, ки аз ситорагони футболу футзал соядаст гирифта, бо онҳо акси хотиравӣ бардоранд.
Бозии дӯстонаи ситорагон
«Ситорагони футбол» – «Ситорагони футзал» – 4:6
Голҳо: Ислом Зоиров, 9 (1:0). Умед Кузиев, 10 (1:1). Умед Кузиев, 11 (1:2). Фатҳулло Фатҳуллоев, 15 (2:2). Умед Кузиев, 18 (2:3). Фатҳулло Фатҳуллоев, 23 (3:3). Умед Кузиев, 28 (3:4). Муҳаммад Шарипов, 29 (3:5). Фатҳулло Фатҳуллоев, 35 (4:5). Муҳаммад Шарипов, 40 (4:6).
6 март. Душанбе. Маҷмааи варзишии кумитаи андози ҶТ. 1200 тамошобин.