Лигаи футболи Тоҷикистон натиҷаи бозиҳои моҳи июли Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои лигаи олиро ҷамъбаст намуда, бозигар ва мураббии беҳтарини моҳро муайян сохт.
Ҳамлагари «Истаравшан»-и Истаравшан Илҳом Баротов, ки дар ду бозии моҳи июлии дастаи худ муқобили “Истиқлол” (2:1) ва «Душанбе» (2:0) беҳтарин бозигар эътироф шуда буд, беҳтарин бозигари моҳи июли Coca-Cola-чемпионати Тоҷикистон-2021 эътироф гашт.
Лигаи футболи Тоҷикистон, ҳамчунон беҳтарин мураббии моҳи июл сармураббии “Хуҷанд”-и Хуҷанд Рустам Хоҷаевро номбар кард. Зери роҳбарии Хоҷаев дастаи соҳили Сирдарё дар моҳи июл дар ду бозӣ бар “Файзканд” (2:0) ва «Истаравшан» (1:0) пирӯзӣ ёфт. Баъд аз қисми якуми чемпионат “Хуҷанд” бо 25 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқа қарор дорад.
Лауреатҳои моҳи июл пеш аз бозиҳои марҳилаи 1/8 ниҳоии Париматч-Ҷоми Тоҷикистон-2021 бо дипломҳо ва мукофотҳои пулии Лигаи футболи Тоҷикистон мукофотонида мешаванд. Бозигари беҳтарин ва мураббии беҳтарини моҳ бо маблағи пулӣ дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣ мукофотонида мешаванд.