Рӯзи панҷшанбеи 14-уми июл, таҳти раёсати Тоҳир Нурзода нишасти навбатии Кумитаи назорати интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гашт. Дар ҷаласа қоидавайронкуниҳо дар бозиҳои Лигаи футболи мамлакат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, ба қоидавайронкунандаҳо тибқи Кодекси назорати интизоми ФФТ ҷазо таъин гардид.
Аз ҷумла, барои халалдор намудани банди 17 боби 7 Кодекси назорати интизоми Федератсия, ки истифодаи ибораҳои таҳқиромез, суханҳои қабеҳ ва имову ишораи таҳқиромезро ба дастаи ҳариф баъд аз бозӣ ифода менамояд, бозингари дастаи “Истаравшан” Хуршедҷон Олимов аз ҳақи иштирок намудан дар ду бозии навбатӣ барканор шуда, ба маблағи 250 (дусаду панҷоҳ) сомонӣ ҷарима баста шуд. Хуршедҷон Олимов дар бозии сафарии даста ба муқобили “Хуҷанд”-и Хуҷанд (10 июл) ин банди Кодекси назорати интизоми ФФТ-ро вайрон намуд.
Дар ҳамин бозӣ футболбози дигари дастаи “Истаравшан” Фаридун Деҳқонов низ банди 17 боби 7-и Кодекси назорати интизоми ФФТ-ро халалдор намуд, ки барои ин рафтораш аз ҳақи иштирок дар ду бозии навбатӣ барканор шуда, ба маблағи 500 (панҷсад) сомонӣ ҷарима баста шуд.
Инчунин, барои халалдор намудани банди 13 боби 5 Кодекси назорати интизоми ФФТ, ки иҷро накардани шартҳо ва муқаррароти Низомномаи баргузории Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021-ро ифода мекунад, дастаи “Истаравшан” ба маблағи 1000 (ҳазор) сомонӣ ҷарима баста шуд.
Қобили зикр аст, ки барои вайрон намудани банди 12 боби 5 Кодекси назорати интизоми ФФТ, ки таъмин накардани тартиботи ҷамъиятиро дар варзишгоҳ ифода менамояд, дар бозӣ байни дастаҳои “Хуҷанд” ва “Истаравшан” (10 июл) дастаи “Хуҷанд” ба маблағи 1000 (ҳазор) сомонӣ ҷарима баста шуд.
Кумитаи назорати интизоми ФФТ ба дигар қоидавайронкунҳои Лигаи футболи Тоҷикистон низ мутобиқи қоидавайронкуниҳояшон ҷазо таъин намуд.