Дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон нишасти Кумитаи тадорукоти мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”-2021 баргузор шуд. Мусобиқаи мазкур ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад.
Дар ҷаласаи мазкур муовини якуми раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаров, муовинони аввали раисони Федератсияҳои футболи вилоятҳои Хатлон ва Суғд, мутаносибан Исроил Шарипов ва Хуршед Ақдодов, директори МД ТВ “Варзиш” Парвиз Нориён, муовини раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе Исо Бафоев ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаи Кумитаи тадорукотро муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муҳтавои баргузории мусобиқа шинос намуд.
Абдуҷаббор Азизӣ, аз ҷумла қайд намуд: “Ҳадафи асосӣ аз баргузории мусобиқаи мазкур иҷроиши бевоситаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати оммавигардонии варзиш, бахусус футбол мебошад. Барои ҷалб намудани шумораи бештари аҳолӣ, хушбахтона имрӯз мо ҳама имкониятҳоро дорем. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат майдону майдончаҳои футболбозии замонавӣ фаъолият менамоянд. Боварӣ дорам, ки баргузории ин мусобиқа ба рушду инкишофи футболи ғайрикасбӣ вусъати тоза мебахшад”.
Дар навбати худ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ҳозиринро ба Низомномаи баргузории мусобиқа ошно намуд. Мусобиқа аз охири моҳи июн шурӯъ шуда, дар чор марҳила баргузор мешавад. Иштирокчиёни нишасти Кумитаи тадорукот Низомномаи мусобиқаро таҳлилу баррасӣ намуда, барои дар сатҳи зарурӣ ташкил намудани он андешаҳои худро баён намуданд.
Дар нишасти Кумитаи тадорукот, инчунин нишон ва рамзи мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тасдиқ шуд.