Федератсияи футболи Тоҷикистон ба рушди футбол дар минтақаҳо таваҷҷӯҳи хосса зоҳир менамояд. Бо мақсади вусъат бахшидан ба рушду икнишофи футбол дар минтақаҳо, бо ташаббуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон майдончаи хурди футболбозии сабзааш сунъӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар маросими ботантанаи ифтитоҳи ин майдонча раиси ноҳияи Кӯшониён Икромиддин Вализода, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов ва директори муассисаи далатии телевизиони “Варзиш” Парвиз Нориён иштирок намуданд.
Раиси ноҳияи Кӯшониён Икромиддин Вализода ба Федератсияи футболи Тоҷикистон барои сохтмони майдончаи футболбозӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳия ва саҳмгузорӣ дар пешрафти футболи ватанӣ изҳори сипосгузорӣ намуд.
Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов аз номи Рустами Эмомалӣ тамоми сокинони шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониёнеро барои мавриди истифода қарор гирифтани майдончаи замонавиии футболбозӣ табрик кард.
Дар ҷамъбасти мароси ифтихории мавриди истифода қарор гирифтани майдончаи мазкур байни дастаҳои футболи кӯдаконаи ноҳияи Кӯшониён бозии дӯстона ташкил карда шуда, инчунин ба онҳо аз ҷониби Федератсияи футболи мамлакат тӯбҳои футболбозӣ тақдим шуданд.