Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи Модар байни дастаҳои футболи занонаи кишвар бо ғалабаи дастаи “Душанбе” анҷом ёфт. Мусобиқа аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи мамлакат ташкил карда шуд.
Дар мусобиқа ҳафт дастаи футболбоздухтарон ширкат намуд. Дар марҳилаи пешакӣ дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шуданд. Аз рӯи натиҷаи бозиҳои гурӯҳӣ дастаҳои “Хатлон”, “Бешкент”, “Душанбе” ва “Суғд” ба бозиҳои ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар бозии якуми 1\2 ниҳоӣ “Хатлон” бо ҳисоби калони 4 бар 0 “Бешкент”-ро шикаст дода, футболбоздухтарони “Душанбе” ба дарвозаи “Суғд” 5 голи беҷавоб заданд.
Дар бозӣ барои ҷои сеюм “Бешкент” бар “Суғд” бо ҳособи 4 бар 0 дастболо шуд. Дар бозии ниҳоӣ бошад, футболбоздухтарони дастаи “Душанбе” бар “Хатлон” бо ҳисоби 3 бар 1 ғалаба карданд.