Директори генералии Ширкати “Газпром нефт – Тоҷикистон” Фарҳод Мирзоев раиси нави Федератсияи футболи шаҳри Душанбе интихоб шуд.
Рӯзи шанбеи 6-уми дар меҳмонхонаи “Hilton”-и пойтахт Конференсияи ҳисоботӣ-интихобии Федератсияи футболи шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он ҳайати роҳбарикунандаи нав интихоб гардид.
Тариқи овоздиҳии кушодаи вакилони Конференсия директори генералии Ширкати “Газпром нефт-Тоҷикистон” Фарҳод Мирзоев ба роҳбарии Федератсияи футболи пойтахти Тоҷикистон интихоб шуд. Фарҳод Мирзоев писарбузурги футболбози дар гузашта маъруфи дастаҳои “Энергетик” ва “Помир” – Султонбек Мирзоев мебошад. Фарҳод Мирзоев дар ин вазифа Анваршо Мирзоевро, ки аз соли 2016 то ин дам Федератсияи футболи шаҳри Душанберо роҳбарӣ мекард, иваз намуд.
Муовини аввали раси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе Алимаҳмад Мирзоев ва муовини раиси ФФД Исо Асоев интихоб гардиданд.
Дар Конференсия раиси тозаинтихоби Федератсияи футболи шаҳри Душанбе Фарҳод Мирзоев баромад карда, ба интихобкунандагон барои боварияшон изҳори сипосгузорӣ намуд. Фарҳод Мирзоев, ҳамзамон қайд карданд, ки барои пешрафти футбол дар пойтахти кишвар тамоми кӯшишу талошҳояшро дареғ нахоҳад дошт.
Дар Конференсия, инчунин ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи шаҳри Душанбе интихоб, ки ба ҳайати он ба ғайар аз раис ва ду нафар муовинонаш боз ҳашт каси дигар шомил шуанд. Инҳо – Раҳматшо Камолов, Зафар Ярашев, Шукур Мансуров, Хусрав Нурматов, Фурқат Ҳувайдуллоев, Абдурофеъ Нуъмонов, Ҳасан Мангутов ва Муҳаммадӣ Холов мебошанд.