Дар Турсунзода семинари методӣ барои нозирони доварон шуруъ шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Дар Турсунзода семинари методӣ барои нозирони доварон шуруъ шуд

Дар меҳмонхонаи “Ширкент”-и шаҳри Турсунзода семинари панҷрӯзаи омӯзишӣ-методӣ барои нозирони доварони хизматрасони мусобиқаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон шуруъ шуд.

Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов иштирок намуда, суханронӣ намуд.

Дар чорабинии мазкур, ки аз ҷониби департаменти доварону нозирони Федератсия ташкил шудааст 22 нафар нозир иштирок мекунад. Инҳо Рустам Абдуллоев, Дилшод Ализода, Раҳмон Муртазоев, Ҳабибулло Нарзуллоев, Ориф Ҷӯраев, Сафармаҳмад Шоймардонов (ҳама аз Душанбе), Насриддин Азизов (Қабодиён), Абдулло Алимов (Ҳамадонӣ), Мустафо Исломов (Восеъ), Равшан Ишматов (Кӯшониён), Юсуф Ишматов, Умед Раҳимов (ҳарду аз Бохтар), Қурбонмаҳмад Каримов, Исматулло Муминов (ҳарду аз Хуросон), Муродҷон Қурбонов, Зоҳир Ҳотамов, Собир Ҳотамов (ҳама аз Хуҷанд), Турдибек Қӯшназаров (Гулистон), Носирҷон Мансуров (Бобоҷон Ғафуров), Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор), Ҳамза Пиров (Шаҳринав) ва Абдураҳим Бобоев (Турсунзода) мебошанд.

Дар кори курс дастурдиҳандагони департаменти доварону нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон иштирок намуда, дар бораи тағйироти ба Қоидаҳои бозӣ иловашуда, маъруза мехонанд.

Ҳадафи асосӣ аз баргузори семинар баланд бардоштани савияи дониши нозирони хизматрасони мусобиқаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон мебошад.

Назари худро бинависед