Гурӯҳии кории Федератсияи футболи Тоҷикистон зери роҳбарии ноиби президенти Федератсия Алишер Урунов кори худро ҷиҳати иҷозатномадиҳии бошгоҳҳои футболи кишвар идома медиҳад.
Комиссияи иҷозатномадиҳии ФФТ, иборат аз мутахассисони самтҳои гуногуни футбол, дар ин навбат аз дастаҳои футболи КМВА (Душанбе) ва “Ваҳдат”(Ваҳдат) дидан намуд.
Дар марҳилаи аввали иҷозатномадиҳӣ, комиссияи ФФТ ҳуҷҷатҳоро оид ба иҷрои талаботи муқаррароти иҷозатномадиҳӣ аз ҷониби бошгоҳҳои лигаи олӣ аз рӯи меъёрҳои варзишӣ, инфрасохтор, кадрҳо, маъмурӣ, молиявӣ ва ҳуқуқӣ санҷиш кард.
Ҳамзамон, яке аз вазифаҳои асосии комиссия ин мулоқот бо раисони шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо барои таҳлили футбол ва дастгирии ҳамаҷонибаи дастаҳои футболи саросари кишвар мебошад.
Дар рафти сафари худ комиссияи кории ФФТ, аз рӯи натиҷаи санҷиш ба бошгоҳҳои футболи мамлакат камбудиҳои ҷойдошта ва бартараф намудани онҳоро ҷиҳати гирифтани иҷозатномаи зарурӣ нишон медиҳад.