Гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба иҷозатномадиҳии бошгоҳҳо бо роҳбарии ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов сафари серӯзаи кориро ба вилояти Суғд ба анҷом расонид. Пас аз натиҷаи кор, комиссияи иҷозатномадиҳии ФФТ бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мулоқот кард.
Комиссияи иҷозатномадиҳии ФФТ, иборат аз мутахассисони самтҳои гуногуни футбол, дар тӯли се рӯз аз шаш дастаи вилояти Суғд – «Исфара» (Исфара), «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов), «Истаравшан» (Истаравшан), «Равшан» (Зафаробод), “Хуҷанд” (Хуҷанд) ва “Эсхата” (Хуҷанд), ки дар мавсими нав дар лигаҳои олӣ ва якуми Тоҷикистон ширкат меварзанд, дидан намуд.
Дар марҳилаи аввали иҷозатномадиҳӣ, комиссияи ФФТ ҳуҷҷатҳоро оид ба иҷрои талаботи муқаррароти иҷозатномадиҳӣ аз ҷониби бошгоҳҳои лигаи олӣ аз рӯи меъёрҳои варзишӣ, инфрасохтор, кадрҳо, маъмурӣ, молиявӣ ва ҳуқуқӣ санҷиш намуд.
Дар охири сафари кории якуми комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон оид ба иҷозатномадиҳии клубҳо, ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов ва директори генералии Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шокурбонов бо раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода вохӯрданд.
Зимни мулоқоти гарм ҷонибҳо омодагии дастаҳои вилояти Суғдро ба мавсими нави футбол муҳокима карданд. Раҷаббой Аҳмадзода қайд кард, ки имсол Тоҷикистон 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро ҷашн мегирад ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дастаҳои минтақаро барои бомуваффақият баромад кардан дар лигаҳои олӣ ва якуми кишвар ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳад кард. Раиси вилояти Суғд ба роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои тартиби мукаммали рушди футбол дар тамоми минтақаҳои кишвар миннатдории самимӣ изҳор кард.