Дар давраи баргузории ҷамъомади омӯзишиву машқии худ дар Дубай тими миллии Тоҷикистон бозии санҷишии якумашро бо мунтахаби миллии Урдун гузаронд. Бозӣ дар варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 0 ба фоидаи Урдун анҷом ёфт.
Рӯзи ҷумъаи 5 феврал, дастаҳои мунтахаби миллии Урдун ва Тоҷикистон бозии дуюми санҷишии худро дар дубай мегузаронанд. Ин бозӣ соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Бозии дӯстона
Урдун – ТОҶИКИСТОН – 2:0
Голҳо: Аҳмад Ҳамдоунӣ, 37 – аз пеналти (1:0). Муҳаммад Абу Зрайк, 44 (2:0).
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Ваҳдат Ханонов, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров (к), Манучеҳр Сафаров (Искандар Ҷалилов, 46), Амирбек Ҷӯрабоев (Абдулмумин Забиров, 82), Муҳаммадҷон Раҳимов (Ислом Зоиров, 73), Ҷаҳонгир Эргашев (Табрези Давлатмир, 77), Эҳсони Паншанбе, Алишер Ҷалилов, Манучеҳр Ҷалилов (Тоҳир Малодӯстов, 82).
1 феврал. Дубай, варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи ИМА.