Чемпиони Тоҷикистон марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020-ро бо ғалаба оғоз кард – Федерация Футбола Таджикистана

Чемпиони Тоҷикистон марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020-ро бо ғалаба оғоз кард

Чемпиони Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 дар гурӯҳи “Д” бар витсе-чемпиони мамлакат “Хуҷанд”-и Хуҷанд бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуд. Ҳарду голи соҳибони майдонро ҳамлагар Манучеҳр Ҷалилов дар нимаи аввали дидар ба самар расонд. Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бе иштироки тамошобинон баргузор шуд.

Бозии дигар дар гурӯҳи “Д” бо иштироки дастаҳои “Дордой” (Қирғизистон) ва “Олтин Асир” (Туркманистон), ки бояд рӯзи 11 март доир мегашт, ба вақти дигар гузаронида шуд.

Дар даври навбатӣ “Истиқлол” дар Ишқобод бо “Олтин Асир” бозӣ мекунад. “Хуҷанд” бошад, дар майдони худ “Дордой”-ро қабул хоҳад кард. Баргузории ин бозиҳо рӯзи 15 апрел ба нақша гирифта шудааст.

 

Ҷоми КФО-2020

Минтақаи марказӣ. Гурӯҳи «D». Даври 1-ум

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Хуҷанд» (Тоҷикистон) – 2:0

ГолҳоМанучеҳр Ҷалилов, 21 (1:0). Манучеҳр Ҷалилов, 29 – аз пеналти (2:0).

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Алексей Ларин, Марко Милич, Искандар Ҷалилов, Зоир Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир (Муҳаммадҷон Раҳимов, 90+2), Алишер Ҷалилов, Хуршед-Тимур Ҷӯраев, Эҳсони Панҷшанбе, Шериддин Бобоев (Воҳид Оразсахедов, 63), Манучеҳр Ҷалилов (Рустам Соиров, 88).

«Хуҷанд» (Хуҷанд, Тоҷикистон): Мамур Икромов, Сироҷ Ҳамроев, Алишер Баротов (Манучеҳр Ахмедов, 83), Фирдавс Чақалов (Манучеҳр Сафаров, 74), Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Чориев, Санҷар Рихсибоев, Комрон Мирзонаҷот, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Бозоров, Андрей Сидоров (Муҳаммадшарифи Саидхоҷа, 57).

Огоҳонида шуданд: Алишер Ҷалилов, Хуршед-Тимур Ҷӯраев («Истиқлол»), Комрон Мирзонаҷот, Бахтиёр Чориев, Сироҷ Ҳамроев («Хуҷанд»).

Беҳтарин бозингари вохӯрӣ: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).

СардоварАҳмад Ал-Алӣ (Кувайт).

Нозири доварон: Маҳюб Содиқ (Фаластин).

Комиссари бозӣ: Муҳаммад Саид Ҳасан Ал-Хаттавӣ (АМА).

11 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

 

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 «Истиқлол» (Тоҷикистон) 1 1 0 0 2-0 3
2 «Олтин Асир» (Туркманистон) 0 0 0 0 0-0 0
3 «Дордой» (Қирғизистон) 0 0 0 0 0-0 0
4 «Хуҷанд» (Тоҷикистон) 1 0 0 1 0-2 0

 

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 2-юм

15 апрел (чоршанбе)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

 

Даври 3-юм

29 апрел (чоршанбе)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Дордой» (Қирғизистон)

 

Даври 4-ум

13 май (чоршанбе)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

«Дордой» (Қирғизистон) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

 

Даври 5-ум

27 май (чоршанбе)

«ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) – «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН)

«Алтин Асир» (Туркманистон) – «Дордой» (Қирғизистон)

 

Даври 6-ум

17 июн (чоршанбе)

«ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН) – «Алтин Асир» (Туркманистон)

«Дордой» (Қирғизистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)

Назари худро бинависед