Имрӯз, 7 ноябр дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҷоизасупории лигаҳои наврасони Тоҷикистон «Пешсаф» миёни футболбозони то 14, 16 ва 18-сола баргузор гардид. Дар чорабинӣ ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳо ва беҳтарин бозигарон дар номинатсияҳои инфиродӣ бо медалу ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар маросим ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Дониёрзода ва Искандар Ҷалилов, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода, директори техникии ФФТ Увайдо Давлатбеков, директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Абдулло Соқиев, капитани тими миллии Тоҷикистон Аҳтам Назаров, роҳбарони лигаҳои футбол ва мактабҳои махсуси футболи кӯдакону наврасон, собиқадорони футбол ва дигар меҳмонони фахрӣ иштирок доштанд.
Ин чорабинӣ на танҳо ҷамъбасти натиҷаҳои мавсим, балки қадами муҳим дар самти дастгирӣ ва рушди футболи кӯдакону наврасон дар кишвар арзёбӣ гардид.
Зимни суханрониҳои табрикотӣ Сайвалӣ Дониёрзода ва Муҳаммадтолиб Шокирзода ғолибону ҷоизадорони лигаҳои наврасони «Пешсаф»-ро бо анҷоми муваффақонаи мавсим табрик гуфта, аҳамияти чунин мусобиқаҳоро дар рушди футбол таъкид намуданд. Онҳо иброз доштанд, ки иштирок дар мусобиқаҳо, талош барои пирӯзӣ, интизом ва тамринҳои пайваста аз омилҳои муҳими ташаккули ҳар як футболбоз ба шумор мераванд. Ҳамчунин ба футболбозони ҷавон таманно карданд, ки бо дастовардҳои мавҷуда маҳдуд нашуда, маҳорати худро боз ҳам такмил диҳанд ва дар оянда ба ҳайати дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон шомил гардида, кишварро дар арсаи байналмилалӣ сазовор намояндагӣ кунанд.
Аз рӯйи натиҷаи мавсим дар лигаи наврасони «Пешсаф» миёни футболбозони то 14-сола дастаи «Душанбе-8» мақоми аввалро соҳиб шуда, медалҳои тиллоро ба даст овард. Дастаи «Душанбе-1» бо медалҳои нуқра ва «Хатлон-2» бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардиданд.
Дар гурӯҳи синнусоли то 16-сола дастаи «Душанбе-1» ғолиб шуда, медалҳои тиллоро ба даст овард. Футболбозони «Хатлон-1» мақоми дуюм ва «Душанбе-9» мақоми сеюмро ишғол карданд.
Миёни бозигарони то 18-сола дастаи «Душанбе-8» чемпиони мавсим гардид. Дастаи «Душанбе-Соро» ҷойи дуюм ва «Суғд-1» ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Ҳамзамон, беҳтарин футболбозони мавсим дар номинатсияҳои инфиродӣ муайян гардида, бо ҷоизаҳои махсус қадрдонӣ шуданд.