Дар доираи омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон-2026 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии сармураббӣ Игор Суров дар ҷамъомади таълимиву тамринии Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад.
Ҳарифони дастаи мо мунтахабҳои наврасони Кот-д’Ивуар (8 ноябр), Фиҷи (11 ноябр) ва Танзания (15 ноябр) мебошанд. Ҳар се вохӯрӣ дар варзишгоҳи «Al Hamriyah Cultural and Sports Club» баргузор мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи гурӯҳии чемпионати ҷаҳон-2026, ки дар Қатар доир мегардад, дар гурӯҳи «F» бо мунтахабҳои Куба (20 ноябр), Хорватия (23 ноябр) ва Сенегал (26 ноябр) нерӯ месанҷад.