«Истиқлол» ва «Сипар» барои Ориё-Ҷоми Тоҷикистон-2026 оид ба футзал рақобат мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

«Истиқлол» ва «Сипар» барои Ориё-Ҷоми Тоҷикистон-2026 оид ба футзал рақобат мекунанд

Қабл аз бозии ниҳоии Ориё-Ҷоми Тоҷикистон-2026 оид ба футзал миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Сипар»-и Хуҷанд дар меҳмонхонаи «Румӣ» ҷаласа баргузор гардид.

Дар ҷаласа намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, Лигаи футзали кишвар, ҳайати расмии доварон, инчунин намояндагони дастаҳои иштирокчии бозии ниҳоӣ ширкат варзиданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои ташкилии баргузории бозии ниҳоӣ баррасӣ гардида, ранги либоси дастаҳо тасдиқ карда шуд. Футзалбозони «Истиқлол» бо либоси сурх ва бозигарони «Сипар» бо либоси сафед ба майдон мебароянд.

Фонди ҷоизавии Ориё-Ҷоми Тоҷикистон-2026 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ғолиби мусобиқа баробари дарёфти ҷоми фахрӣ соҳиби 100 ҳазор сомонӣ ва дастаи финалист соҳиби 50 ҳазор сомонӣ мегардад.

Ҳамчунин, барои беҳтаринҳо дар номинатсияҳои инфиродӣ ҷоизаҳо пешбинӣ шудаанд:

Бозигари беҳтарини мусобиқа – 4000 сомонӣ;

Мураббии беҳтарин – 4000 сомонӣ;

Нишонзани беҳтарин – 3500 сомонӣ;

Легионери беҳтарин – 3500 сомонӣ;

Дарвозабони беҳтарин – 3500 сомонӣ;

Беҳтарин бозигари ҷавон – 3500 сомонӣ;

Дастаи беҳтарини расонаӣ – 3000 сомонӣ.

Бозии ниҳоии Ориё-Ҷоми Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Сипар» 10 октябр дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Оғози вохӯрӣ соати 17:00 дар назар аст.

Назари худро бинависед