Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад – Федерация Футбола Таджикистана

Мунтахаби футзали Тоҷикистон бо яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2028 оид ба футзал, тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи октябр ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Рақиби дастаи мо миллипӯшони Русия хоҳанд буд. Бозиҳо рӯзҳои 18 ва 20 октябр дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Оғози ҳар ду вохӯрӣ соати 19:00 дар назар дошта шудааст.

Қаблан дар сатҳи мунтахабҳои миллӣ дастаҳои Тоҷикистон ва Русия ду маротиба бо ҳам вохӯрдаанд. Ҳар ду бозӣ соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор шудаанд. Дар рақобати аввал мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 10:7 пирӯз шуда, дар дидори дуюм бошад, мунтахаби Русия бо ҳисоби 6:2 ғолиб омадааст.

Назари худро бинависед