Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА, ки дар сомонаи расмии ин созмон нашр гардид, мавқеи худро беҳтар кард.
Дар муқоиса бо нашри қаблӣ мунтахаби мо як зина боло рафта, акнун бо касби 1218,88 имтиёзи рейтингӣ дар ҷойи 100-уми ҷаҳон қарор дорад.
Дар байни мунтахабҳои Осиё Тоҷикистон мақоми 18-умро ишғол мекунад.
Мунтахаби Тоҷикистон бозиҳои навбатии худро моҳи ноябр анҷом медиҳад. Дастаи мо дар 52-юмин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup», ки аз 9 то 17 ноябр дар Тайланд баргузор мешавад, иштирок мекунад. Ғайр аз тими Тоҷикистон, дар ин мусобиқа яккачинҳои Тайланд, Уммон ва Баҳрайн низ ширкат хоҳанд кард.
Раддабандии навбатии ФИФА 18 ноябр нашр мегардад.
