Дар ин ҳафта доварони Тоҷикистон дар баргузории бозиҳои байналмилалии мусобиқаҳои гуногун бо иштироки дастаҳои мунтахаб ширкат варзиданд.
Довари ФИФА Насрулло Кабиров ва ёвари довари ФИФА Акмал Бӯриев бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи FIFA ASEAN Cup дар гурӯҳи «А» байни мунтахабҳои Индонезия ва Бангладешро ҳакамӣ карданд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 9:2 ба нафъи мунтахаби Индонезия анҷом ёфт.
Дар рақобати FIFA ASEAN Challenge Cup байни мунтахабҳои Ҳонконг ва Бруней ҳайати дигари доварон аз Тоҷикистон фаъолият намуданд. Довари ФИФА Абдулло Давлатов ва ёварони довари ФИФА Вафо Қараев ва Хусрави Сиддиқзод, довари VAR Амирҷон Хоркашев ин дидорро ҳакамӣ карданд. Бозӣ бо пирӯзии Ҳонконг бо ҳисоби 2:0 анҷом ёфт.
Довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов бо ёварони довари ФИФА Фарҳод Куралов ва Исмоил Нуралиев ду бозии байналмилалии дӯстонаро доварӣ карданд. Дар Бишкек мунтахаби Қирғизистон бар Малдив бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд, дар Тошканд бошад, мунтахаби Ӯзбекистон бар Сурия бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард.
Ҳамчунин, доварони тоҷик дар мусобиқаи футболи Бозиҳои осиёӣ-2026 низ иштирок намуданд. Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло ва ёвари довари ФИФА Ҳасан Каримов бозии даври ниманиҳоии байни мунтахабҳои Кореяи Ҷанубӣ ва Чинро доварӣ карданд, ки бо ҳисоби 2:1 ба нафъи дастаи Кореяи Ҷанубӣ анҷом ёфт.
Дар бозии финалии мусобиқаи футболи Бозиҳои осиёӣ-2026 байни мунтахабҳои Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ, ки 3 октябр баргузор мешавад, Гулмуроди Саъдулло вазифаи довари чорум, Ҳасан Каримов бошад, вазифаи ёвари эҳтиётиро иҷро хоҳанд кард.