Тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Игор Ангеловский омодагиро ба бозиҳои дӯстонаи дарпешистода муқобили мунтахабҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин идома медиҳад. Даста дар Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон воқеъ дар Варзоб ҷамъомади кӯтоҳмуддати таълимию тамриниро баргузор мекунад.
Айни замон мунтахаб бидуни легионерон тамрин мекунад. Онҳо дар Боку ба даста ҳамроҳ хоҳанд шуд. 20 сентябр мунтахаби Тоҷикистон машқҳои ниҳоии худро дар Маркази техникии ФФТ анҷом дода, сипас ба Озарбойҷон сафар мекунад.
Бояд қайд кард, ки бозии дӯстона миёни мунтахабҳои Озарбойҷон ва Тоҷикистон рӯзи 23 сентябр дар шаҳри Боку доир мешавад. Оғози вохӯрӣ соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (21:00 ба вақти Душанбе) дар назар аст.