Тими миллии Тоҷикистон дар Маркази техникии ФФТ ҷамъомади тамриниро шуруъ кард – Федерация Футбола Таджикистана

Тими миллии Тоҷикистон дар Маркази техникии ФФТ ҷамъомади тамриниро шуруъ кард

Мунтахаби миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Игор Ангеловский имрӯз, 18 сентябр дар Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон воқеъ дар Варзоб ҷамъ омада, омодагиро ба бозиҳои дӯстонаи дарпешистода оғоз намуд. 

Ҷамъомади кӯтоҳмуддати тамринии даста то 20 сентябр идома меёбад. Дар доираи ин ҷамъомад дар Варзоб се машғулият ба нақша гирифта шудааст.

Дар рӯзҳои ФИФА-и моҳҳои сентябр ва октябр тими миллии Тоҷикистон се бозии дӯстона анҷом медиҳад. Рӯзи 23 сентябр дастаи мо дар шаҳри Боку бо мунтахаби Озарбойҷон вомехӯрад.

Пас аз ин мунтахаби Тоҷикистон ба шаҳри Чунтсини Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуда, ду бозии дигар баргузор мекунад. Рӯзи 28 сентябр шогирдони Игор Ангеловский бо мунтахаби Фаластин ва 6 октябр бо тими миллии Чин вомехӯранд.

Назари худро бинависед