Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби иттилоотӣ-омӯзишии «Футбол ва рушди он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нашр расид.
Китоб дар нашриёти «Эко-Принт» чоп шуда, 496 саҳифаро дар бар мегирад. Он таърих, вазъи имрӯза ва дурнамои рушди футболи тоҷикро фаро гирифтааст. Китоб дар заминаи пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар ҷаласаи 80-уми пленарии иҷлосияи 78-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол таҳия ва нашр гардидааст.
Таҳиягар ва муҳаррири масъули китоб номзади илмҳои сиёсӣ Дилноза Аҳмадзода мебошад, онро дар асоси маводи ҷамъоваришудаи гурӯҳи кории байниидоравӣ ва дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳия кардааст.
Дар китоб тамоми марҳилаҳои ташаккул ва рушди футболи Тоҷикистон инъикос ёфтаанд – аз таърихи пайдоиши футбол то дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, аз футболи кӯдакону наврасон то футболи касбӣ, футболи занона ва футзал. Ҳамчунин ба рушди инфрасохтори варзишӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва дурнамои рушди соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст. Китоб танҳо як дастури соҳавӣ набуда, солномаи муосири футболи тоҷик низ ба ҳисоб меравад. Дар саҳифаҳои он дастовардҳои муҳими футболи миллӣ, рушди варзишгоҳҳо ва инфрасохтор, омодасозии насли наврас ва иштироки дастаҳои Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дарҷ шудаанд.
Нашри ин китоб дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қадами муҳим дар самти ҳифзи таърих ва дастовардҳои футболи тоҷик арзёбӣ мешавад. Он метавонад барои мутахассисону муҳаққиқон ҳамчун сарчашмаи иттилоотӣ, барои ҷавонону наврасон ҳамчун воситаи омӯзишӣ ва барои дӯстдорони футбол ҳамчун ганҷинаи хотираҳои варзишӣ хизмат намояд.