Тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Горан Стеванович ҷиҳати омодагӣ ба бозии даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили яккачини Филиппин ҷамъомади тамринӣ баргузор мекунад.
Машқҳои даста 23 март дар шаҳри Душанбе оғоз мешаванд. Рӯйхати бозигарони даъватшуда ба ҷамъомади тамринӣ рӯзҳои наздик эълон мегардад.
Бозии даври шашуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» байни мунтахабҳои Тоҷикистон ва Филиппин 31 март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 19:00 оғоз мешавад.