Маросими қуръакашии тақвими лигаи якуми Тоҷикистон-2026 баргузор шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Маросими қуръакашии тақвими лигаи якуми Тоҷикистон-2026 баргузор шуд

Имрӯз, 11 март дар студияи телевизиони «Душанбе» маросими қуръакашии тақвими бозиҳои Formula55-Чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои лигаи якум доир шуд.

Дар маросими қуръакашӣ ноибони президенти ФФТ Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев, намояндагони дастаҳои лигаи якуми кишвар ва дигар меҳмонон иштирок карданд.

Дар мавсими нави лигаи якуми Тоҷикистон, ки дар ду марҳила баргузор мешавад, шонздаҳ даста иштирок мекунад: «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Ҳулбук», «Рахш» (ҳарду аз Восеъ), «Душанбе», «Шоҳмансур» (ҳарду аз Душанбе), «Шодмон» (Ҳисор), «Рангон» (Рӯдакӣ), «Исфара» (Исфара), «Саразм» (Панҷакент), «Мастчоҳ» (Мастчоҳ), «Саройкамар» (Панҷ), «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ), «Моҳир» (Ёвон), «Сомон» (Данғара), «Норак» (Норак) ва «Ҷиликӯл» (Дӯстӣ).

Қуръакашии Лигаи якумро собиқ бозигарони маъруфи дастаи миллии Тоҷикистон Аслиддин Ҳабибуллоев ва Нуриддин Давронов гузарониданд. Тибқи анъана, дар маросим онҳо барои муайян кардани рақамҳои тартибии дастаҳо қуръаҳоро аз сабад бароварданд.

Назари худро бинависед