Лигаи футболи Тоҷикистон ва ширкати миллии букмекерии «Formula55» созишномаи ҳамкорӣ имзо намуданд, ки тибқи он ширкати мазкур сарпарасти расмии чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои лигаи якум гардид.
Қарордод имрӯз, 11 март дар шаҳри Душанбе бо ҳузури намояндагони ВАО ва дастаҳои Лигаи якуми Тоҷикистон ба имзо расид. Шартномаро ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, куратори Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Дониёрзода ва директори генералии ширкати «Formula55» Баҳром Подчаев имзо карданд.
Сайвалӣ Дониёрзода таъкид кард, ки ҷалби шарикони нав барои рушди футболи миллӣ аҳамияти калон дорад.
«Мо ширкати «Formula55»-ро ба сафи шарикони футболи бошгоҳии кишвар бо хушнудӣ қабул мекунем. Дастгирии мусобиқаи лигаи якум хеле муҳим аст, зеро маҳз инҷо бозигарони ҷавон рушд мекунанд ва дастаҳо тақвият меёбанд. Ман итминон дорам, ки ин ҳамкорӣ барои ҳарду ҷониб судманд хоҳад буд», – таъкид кард, ноиби президенти ФФТ Сайвалӣ Дониёрзода.
Директори генералии «Formula55» Баҳром Подчаев дар навбати худ қайд намуд, ки барои ширкати онҳо дастгирии футболи бошгоҳӣ боиси ифтихор аст.
«Футбол оммавитарин варзиш дар кишвар мебошад ва барои мо саҳм гузоштан дар пешрафти он муҳим аст. Умедворем, ки ҳамкории мо бо Лигаи футболи Тоҷикистон дарозмуддат ва самарабахш хоҳад буд», – изҳор дошт, Баҳром Подчаев.