Устураи футболи тоҷик Владимир Ғуломҳайдаров 80-сола шуд – Федерация Футбола Таджикистана

Устураи футболи тоҷик Владимир Ғуломҳайдаров 80-сола шуд

Имрӯз, 26 феврал яке аз беҳтарин бозигарон дар таърихи футболи тоҷик, собиқ бозигари дастаи олимпии ИҶШС, мураббии шоистаи Тоҷикистон Владимир Алексеевич Ғуломҳайдарови дастон 80-сола шуд.

Владимир Алексеевич (Алишоевич) Ғуломҳайдаров 26 феврали соли 1946 дар Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ футболбозу (нимҳимоятгар) мураббии шӯравӣ ва тоҷик буд. Мавсуф Устоди варзиши ИҶШС (1968) ва мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991) мебошад.

Фаъолияти худро дар дастаи «Энергетик» (баъдтар «Помир»-и Душанбе») оғоз карда, дар Лигаи олии ИҶШС дар ҳайати «Торпедо»-и Маскав баромад намудааст. Ҳамзамон дар мунтахаби олимпии ИҶШС 8 бозӣ гузаронида, муаллифи 3 гол гардидааст.

Аз соли 1978 инҷониб ӯ ба кори мураббигӣ пардохта, дастаҳои «Помир» ва «Вахш»-ро роҳбарӣ намудааст. Соли 1994 Ғуломҳайдаров сармураббии дастаи миллии Тоҷикистон буда, дар як қатор бошгоҳҳои  Қазоқистон низ адои вазифа намудааст.

Владимир Ғуломҳайдаров саҳифаи дурахшон дар таърихи футболи Тоҷикистон аст.

Федератсияи футболи Тоҷикистон Владимир Алексеевич Ғуломҳайдаровро самимона бо 80-умин баҳори зиндагӣ табрик мегӯяд! Ба ӯ саломатии бардавом, саодати рӯзгор ва умри дароз таманно дорем!

Назари худро бинависед