Дастаҳои «Барқчӣ» ва «Ҳулбук» дар финали мусобиқаи Eurol-Ҷоми ФФТ-2026 бо ҳам рақобат мекунанд – Федерация Футбола Таджикистана

Дастаҳои «Барқчӣ» ва «Ҳулбук» дар финали мусобиқаи Eurol-Ҷоми ФФТ-2026 бо ҳам рақобат мекунанд

Бозиҳои ниманиҳоии мусобиқаи Eurol-Ҷоми ФФТ-2026 имрӯз, 17 феврал дар шаҳри Душанбе баргузор шуданд.

Дар бозии аввали ниманиҳоӣ «Барқчӣ»-и Ҳисор бо шарофати ду голи задаи бозигари ганагӣ Дуби Рамин бар «Ҳосилот»-и Фархор бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.

Дар рақобати ниманиҳоии дигар тими «Ҳулбук» «Панҷшер»-ро мағлуб кард. Вақти асосии вохӯрӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расида, дар силсилаи пеналти «Ҳулбук» бо ҳисоби 6:5 пирӯз шуд.

Ҳамин тариқ, рӯзи 20 феврал «Ҳосилот» ва «Панҷшер» дар бозӣ барои ҷойи сеюми Eurol-Ҷоми ФФТ-2026 ба ҳам омада, «Барқчӣ» ва «Ҳулбук» дар финал бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд. Бозиҳои ниҳоӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегарданд.

Фонди умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 000 сомонӣ аст. Ғолиби мусобиқа бо 50 000 сомонӣ, барандаи медали нуқра бо 30 000 сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ бо 20 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд.

Назари худро бинависед