Гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон бо раиси шаҳри Хуҷанд вохӯрд – Федерация Футбола Таджикистана

Гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон бо раиси шаҳри Хуҷанд вохӯрд

Гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон сафари кориро ба вилояти Суғд анҷом дод, ки ҳадафи он баррасии омодагии дастаҳо ба мавсими нави футбол буд.

Имрӯз, 29 январ ҳайати Федератсияи футболи Тоҷикистон бо раиси Федератсияи футболи Хуҷанд ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода мулоқоти корӣ баргузор кард. Инчунин директори иҷроияи нави бошгоҳи «Хуҷанд» Фурқат Абдуллозода дар ин мулоқот ширкат варзид.

Дар рафти муколамаи созанда ҷонибҳо рушди футбол дар шаҳри Хуҷанд, тақвияти инфрасохтори варзишии шаҳр, дастгирии бошгоҳи Хуҷанд ва дурнамои таъсиси дастаи занонаю тими футзалро дар асоси бошгоҳи «Хуҷанд» ва дигар масъалаҳои муҳимро баррасӣ карданд.

Ноибони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода ба раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода барои дастгирии ҳамаҷониба ва саҳми назаррас дар рушди футбол изҳори сипос карда, ба директори нави дастаи «Хуҷанд» дар рушди футболи вилоят муваффақият орзу намуданд.

Гурӯҳи кории ФФТ инчунин аз варзишгоҳҳои «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» ва «Спартак»-и Хуҷанд, ки дар мавсими нав бозиҳои  Лигаи футболи Тоҷикистонро мизбонӣ менамоянд, аз маҷмааи варзишии «Суғд-Арена», ки дар ҳоли сохтмон аст, дидан кард.

Ғайр аз ин, ҳайати ФФТ ба шаҳри Гулистон рафта, бо лоиҳаи навсозии Варзишгоҳи марказии шаҳр, ки дар он чамани сунъӣ насб мешавад, ошно шуд.

Назари худро бинависед