Гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон сафари худро ба минтақаҳои кишвар бо мақсади шиносоӣ бо вазъи омодагии дастаҳои футбол ба мавсими нав идома медиҳад.
Имрӯз ҳайати Федератсияи футболи Тоҷикистон бо шумули ноибони президент Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, ва роҳбари шуъбаи иншооти варзишии ФФТ Абдураҳмон Охунзода аз ноҳияи Рӯдакӣ боздид карда, бо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия Нусратулло Салимзода мулоқот намуданд.
Дар доираи муколамаи созанда, ҷонибҳо рушди минбаъдаи футбол дар ноҳияи Рӯдакӣ, инчунин чораҳои дастгирии дастаи футболи «Рангон»-ро аз ҷониби ҳукумати маҳаллӣ баррасӣ карданд. Таваҷҷуҳи махсус ба омодагии Варзишгоҳи марказии ноҳияи Рӯдакӣ ба мавсими дарпешистода зоҳир карда шуд.