Гурӯҳи кории ФФТ аз ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Дӯстии вилояти Хатлон боздид кард – Федерация Футбола Таджикистана

Гурӯҳи кории ФФТ аз ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Дӯстии вилояти Хатлон боздид кард

Гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон сафари худро ба минтақаҳои кишвар бо мақсади шиносоӣ бо вазъи омодагии дастаҳои футбол ба мавсими нав идома медиҳад.

Имрӯз, 21 январ ҳайати Федератсияи футболи Тоҷикистон бо шумули ноибони президент Алишер Урунов ва Сайвалӣ Дониёрзода, муовини якуми раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарифов, директори Лигаи футболи Тоҷикистон Субҳон Шодиев ва роҳбари раёсати иншооти варзишии ФФТ Абдураҳмон Охунзода аз ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Дӯстии вилояти Хатлон дидан карданд.

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ гурӯҳи кории ФФТ бо раиси ноҳия Рустам Холиқзода мулоқот намуда, омодагии бошгоҳи футболи «Панҷшер»-ро барои мавсими нави Лигаи якуми Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо инчунин имконияти баргузории бозиҳои хонагии «Панҷшер»-ро дар варзишгоҳи «Исмоили Сомонӣ», ки моҳи марти соли 2022 кушода шуда, вале то имрӯз бозиҳои расмиро мизбонӣ накардааст, таҳлил карданд. Дар сурати тасдиқ шудан, даста метавонад бозиҳои хонагиро дар варзишгоҳи нав баргузор кунад.

Ғайр аз ин, дар ҷаласа масъалаи дастгирии ҳамаҷониба аз дастаҳои занонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои иштироки онҳо дар мусобиқаҳои Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон матраҳ шуд.

Ҳамзамон ҳайати Федератсияи футболи Тоҷикистон аз ноҳияи Дӯстӣ боздид кард. Интизор меравад, ки дастаи «Ҷиликул» соли нав дар лигаи якуми Тоҷикистон ширкат кунад.

Дар мулоқот бо муовинони раиси ноҳияи Дӯстӣ Асадулло Ибодуллозода ва Шамсиддин Мирзосафарзода камбудиҳои мавҷудаи Варзишгоҳи марказии ноҳия зикр шуда, роҳҳои ҳалли онҳо баррасӣ гардиданд.

Назари худро бинависед